Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
боло ишорашуда дар ин бора маълумот додааст. Тибқи навиштаи ӯ "Аҳмад Зоҳир аз се издивоҷ соҳиби ду фарзанд гардидааст. Аз зани якумаш писар ва аз завҷаи саввумаш духтар, ки он ҳам як рӯз баъди марги ӯ ба дунё омадааст". Оқои Мададӣ дар ин бора ягон иттилооти дигаре надодааст.
Мувофиқи иттилои аксари манбаъҳои дигар Аҳмад Зоҳир ҳамагӣ ду бор издивоҷ намудааст. Дар ин робита ҳини сафарам ба Кобул, ки моҳи сентябр ва октябри соли 2004 ба вуқӯъ пайваст, аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир Самади Дор-Дор ва Сафиуллоҳи Субот хоҳиш кардам ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Дар бораи ҳаёти оилавии Аҳмад Зоҳир, хонандаи азиз, бештар бо такя ба гуфтаҳои Самади Дор-Дор ва Сафиуллоҳи Субот, ки бо ӯ робитаи наздики хонаводагӣ доштаанд, ба шумо маълумот медиҳем. Ҳамин тариқ Аҳмад Зоҳир нахустин бор охири солҳои шастуми мелодии асри гузашта ба Ночия ном ҳамсоядухтаре, ки падарашро Замонхон мегуфтанд ва марди баобрӯ буд, хонадор мешавад. Аз ин издивоҷ соли 1970 дар шаҳраки Сиэтли ИМА писаре ба дунё меояд, ки номашро Рашод мегузоранд. Ин замоне буд, ки Аҳмад Зоҳир ба қулраи баландтарини шӯҳрату обрӯ расида буд. Ӯро ҳамасола овозхони беҳтарин эълон мекарданд. Теъдоди мухлисонаш рӯз ба рӯз меафзуд. Махсусан, занҳо таронаҳои ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд ва ӯро на танҳо дар консертҳояш, балки дар кӯчаву бозор ва ҳатто дар хонааш ба хотири соядаст гирифтану сӯҳбате доштан ором намегузоштанд. Рӯзноманигори тоҷик Салима Ваҳҳобзода дар сӯҳбат ба муаллифи ин сатрҳо ҳикоя намуд, ки ӯ рӯзи 27-уми апрели соли 1979 дар консерти Аҳмад Зоҳир, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё