Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
дар ҷомеа буд. Ин ҳолат шанси Холидаро барои амалӣ гардидани орзуяш бештар мекард. Аҳмад Зоҳир Холидаро дар аввал ҳамчун яке аз мухлисони таронаҳояш қабул кард. Дар ҷамъомадҳое, ки бо ибтикори Холида баргузор мешуданд, ширкат мекард ва овозхонӣ менамуд. Ин гуна ҷамъомадҳову шабнишиниҳо, махсусан баъд аз Аҳмад Зоҳир хатти талоқ гирифтани ҳамсари нахустинаш Ноҷия бештар мешаванд. Дар яке аз чунин маҳфилҳо Холида аз Аҳмад Зоҳир талаб мекунад, ки расман ба ӯ хонадор шавад. Аҳмад Зоҳир, ки дар бораи Холида ҳар гуна овозҳои дигарро шунида буд, ин хоҳиши ӯро рад мекунад. Самади Дор-Дор мегӯяд, ки бар асари ин моҷаро Аҳмад Зоҳир бори нахуст ба ҳабс кашида мешавад ва чанд муддати кӯтоҳ дар он ҷо мемонад. Холида, ба қавли дӯсти наздики Аҳмад Зоҳир Самади Дор-Дор, бо истифода аз обрӯи падар тавассути мақомоти полис ба Аҳмад Зоҳир фишор меорад ва овозхонро маҷбур мекунад, ки ӯро расман ба никоҳи худ дарорад. Волидайн ва наздикони Аҳмад Зоҳир зидди ин никоҳ буданд. Аҳмад Зоҳир Холидаро чанд муддат дар хонае, ки иҷорапулиашро оҳангсози маъруф Фазлаҳмади Найнавоз медодааст, нигоҳ медорад. Аҳмад Зоҳир чун Холидаро аз таҳти дил дӯст намедошт, аз ӯ дурӣ меҷӯяд. Холида, ки бо кӯмаки дӯстони падараш иҷборан хатти никоҳи Аҳмад Зоҳирро соҳиб шуда буд, ҳеҷ наметавонад, ки чизи на камтар аз никоҳ муҳимтар барои як зан дар зиндагӣ — меҳру муҳаббати шавҳарашро ба даст биёрад. Ӯ ҳатто дигар наметавонист дар байни дугонаҳояш ба ифтихор бигӯяд, ки ӯ завҷаи ромишгари бузург Аҳмад Зоҳир аст. Зеро онҳо ҳама медонистанд, ки Аҳмад Зоҳир бо Холида чӣ гуна муомила дорад. Ба ҳар ҳол Холида баумед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё