Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ҳеҷ гоҳ пинҳон намедошт. Ӯ ҳамчун як шаҳрванди оддии кишвараш мехост, ки Ватанаш рушду тараққӣ кунад, озоду ободу зебо гардад, мардум зиндагии бофарогате дошта бошанд. Барои ҳамин ҳам вақте 17 июли соли 1973 дар Афғонистон табаддулоти давлатӣ ба вуқӯъ пайвасту ба сари қудрат Муҳаммад Довудхон омада, сохти давлатдории ҷумҳуриро эълон кард, Аҳмад Зоҳир онро бо як умедвории хеле зиёде пазируфт. Дар ёдам ҳаст, ҳамон шабу рӯзи табаддулоти давлатӣ дар Афғонистон мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дар ҳайати отрядҳои сохтмончиёни донишҷӯ дар даштҳои ҷумҳурии бародарии Қазоқистон машғули обод кардани биёбонҳои нообод будем. Хабари табаддулоти давлатӣ дар Афғонистон моро бештар барои он мувашвашҳотир сохта буд, ки намедонистем тақдири овозхони маҳбуби мо Аҳмад Зоҳир дар оянда, дар ҷараёни ин табаддулот чӣ мешуда бошад. Хабарҳои тозаро аз вазъи Афғонистон ҳар рӯз бевосита аз радиои ин кишвар мегирифтем. Боре дар ҳамон рӯзҳо радиои Афғонистон бо садои Аҳмад Зоҳир сурудеро паҳш намуд, ки матни он чунин буд:
НАҚОРОТ
Муборак, Муборак,
Ҷумҳурии мо, муборак!
Ҷавонон каф занед,
Бихонед, биболед, бигӯед:
Ҷумҳурии мо, муборак!
Ҷумҳурии мо, муборак!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё