Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Соли 1972 Аҳмад Зоҳир аввалин бор унвони фахрии "Хонандаи беҳтарини сол"-ро дар Афғонистон соҳиб шуд. Аз ҳамон дам шурӯъ карда то рӯзи маргаш ин унвони ифтихории хеле бонуфузи санъати овозхонии Афғонистонро мутахассисони ин соҳа ҳар сол танҳо ба ӯ лоиқ медонистанду халос. Баъди марги Аҳмад Зоҳир ин унвон дигар ба касе аз овозхонҳои афғонӣ дода нашудааст. Шояд дар ин маъни ҳикмате нуҳуфта бошад. Баъди Аҳмад Зоҳир дигар фарде дар Афғонистон натавонистааст ҳунари овозхониро ба пояи Аҳмад Зоҳир бирасонад. Воқеан, ҷои ӯ холист, холӣ.
Дар атрофи ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ҳақиқату овозаҳои зиёде паҳну мунташир гардидаанд. Умуман, агар ҷиддӣ бигирем, паҳлӯҳои зиёди зиндагии Аҳмад Зоҳир барои хонандаи имрӯзаи тоҷик ҳанӯз ҳам норӯшан мондааст. Аз дидгоҳи мо ин паҳлӯҳои торики ҳаёти шахсии Аҳмад Зоҳирро ба се мавзӯъ ҷудо кардан мумкин аст. Якум, оё Аҳмад Зоҳир ҳамчун овозхони шинохта ба сиёсат сару кор дошт ё на? Дуввум, ба чӣ сабабҳо Аҳмад Зоҳир зиндонӣ шуд ва оқибати он чӣ гуна анҷомид? Ва саввум, омилони ҳақиқии куштори Аҳмад Зоҳир киҳо буданд ва ӯ чаро кушта шуд?
Барои чӣ маҳз ҳамин паҳлӯҳои зиндагии Аҳмад Зоҳирро рӯшан кардан лозим аст? Барои он ки маҳз дар ҳамин мавзӯъҳо ихтилофи назарҳо хеле зиёданд.
Бояд кушоду равшан гуфт, ки Аҳмад Зоҳир дар зиндагиаш узви ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ набуд, барои қудрат ҳам мубориза набурдааст. Вале ҳамчун фарзанди айёми худаш ҳамеша бо замон баробар қадам мегузошт. Ӯ тарафдори озодиву таъмини адолати иҷтимоӣ будани худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё