Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

МУБОРАК, МУБОРАК,
ҶУМҲУРИИ МО МУБОРАК!

Аҳмад Зоҳир баъди хатми литсеи "Ҳабибия" таҳсилашро дар дорулмуаллимини Кобул идома медиҳад. Сипас бо тавсияи падараш, ки дар он замон сафири Афғонистон дар Ҳиндустон буд, ба ин кишвари афсонавӣ меравад ва чанд муддат дар риштаи таълиму тарбия дар он ҷо низ таҳсили илм мекунад. Ҳангоми дар Ҳиндустон буданаш вақти зиёди худро ба омӯзиши мустақилонаи санъати мусиқии ҳиндӣ сарф месозад. Ӯ асосан мусиқии суннатӣ ва замонавии ҳиндиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ҳамнишинону муқаррабонаш ба хотир меоранд, ки баъдҳо Аҳмад Зоҳир чӣ гуна баробари шурӯи ягон оҳанги ҳиндӣ муайян месохт, ки он молӣ кадом оҳангсоз ҳасту овозхонаш кӣ ҳаст. Овозхонҳои машҳури ҳиндӣ аз қабили Муҳаммад Рафӣ, Мукеш, Лата Мангешкар, Аша Бҳосле, Кишор Кумар ва махсусан Сайгалро хеле дӯст медошт. Наворҳои онҳоро бо завқ такрор ба такрор гӯш мекард. Баъди бозгашт ба Афғонистон Аҳмад Зоҳир чанд муддат дар рӯзномаи англисизабони "Кобул таймс" ба ҳайси хабарнигор ифои вазифа мекунад. Аз он ҷо ба раёсати Афғонфилм ба кор мегузарад. Ҳарчанд дар мансабҳои зикргардида низ пешравиҳое дошт, вале хушу ёдаш ҳамеша ба ҳунари овозхонӣ банд буд. Билохира, ин вазифаҳоро тарк гуфту пурра ба кори овозхонӣ гузашт. Дар муддати кӯтоҳ як гурӯҳи ҳунарие созмон дод, ки он ба зудӣ тавонист маҳбубияти мардумро сазовор шавад.

пешина
аз 338
навбатӣ