Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Субҳи ҷумҳурӣ дамид,
Шоми сияҳ саррасид.
Шишаи зулмат шикаст,
Пардаи ғамҳо дарид.

НАҚОРОТ

Биё чу абри баҳор,
Ашк зи шодӣ бибор.
Ки решакан мешавад,
Факр зи афғондиёр!

НАҚОРОТ

Ин таронаро Аҳмад Зоҳир бо як ҳиссиёти баланду таъсирбахш месароид. Мо бо шунидани ин суруд шод шудем, ки ӯ зиндаву саломат буда, таҳаввулоти ҷадидро ба хурсандӣ пазируфтааст. Он айём ин сурудро қариб ҳар рӯз аз тариқи радиои Афғонистон мешунавониданд. Баъдтар вақте Аҳмад Зоҳир соли 1975 зиндонӣ шуд, ин сурудро ҳам дар қатори дигар суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аз нашр дар радиои Афғонистон боздоштанд. Баъди сукути ҳукумати Муҳаммад Довуд агарчӣ сурудҳои Аҳмад Зоҳирро боз ҳам аз тариқи радиои Афғонистон пахш мекардагӣ шуда бошанд ҳам, вале он суруди "Муборак" -ро дигар аз радиои Афғонистон мо нашунидем. Зеро ҳукумати дигаре, ки ба сари қудрат омада буд, намехост суруде, ки сохти давлатдории пешинро тараннум мекард, аз радиои давлатӣ танинандоз бошад. Баъдҳо дар як мақолаам дар бораи Аҳмад Зоҳир ман изҳори таассуф кардам, ки шояд ин суруди

пешина
аз 338
навбатӣ