Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Хонақаҳ аз кизб мебошад барӣ,
Хонақаҳ меҳру вафову дилбарӣ.

Хонақаҳ аз дил ҳикоят мекунад,
Аз ғурури тан шикоят мекунад.

Хонақаҳ ҷои гул аст, аз хор нест,
Хонақаҳ ҷавлонгаҳи ағёр нест.

Хонақаҳ меҳру вафо мепарварад,
Тифли дилро бо сафо мепарварад.

Ман намедонам чаро имшаб, чаро?
Хонақаҳ хомӯшу бе шӯру садо.

Ҳам зи най сӯзе намеояд ба гӯш,
Не зи чаштиён касе дорад хурӯш.

Ман намедонам чаро соҳибдилон,
Менаноланд зор мисли булбулон.

Ман намедонам чаро сӯзу гудоз,
Аз ниҳон имшаб бурун н-ояд зи ноз.

Бас сарозераст ашки чаштиён,
Ҳамчу сел аз чашми ин соҳибдилон.

Мутрибон зору хароб уфтодаанд.
Чаштиён дар изтироб уфтодаанд.

пешина
аз 338
навбатӣ