Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

СУЛТОНИ ҚАЛБҲО

Ашк чун фавпора аз чашмонашон,
Мерасад бар арсаи домонашон.

Гуфт мутриб бо дили ларзон чунин:
"Моҳи чаштиён ниҳон шуд дар замин".

Дар хароботи харобободи мо,
Ғам намуда рахна дар бунёди мо.
Ҳар тараф овози сози пурғам аст
Ин навои Най суруди мотам аст.
Дилрабо фарёди ғам орад бурун,
Қисса мегӯяд зи вазъи Бесутун.
Навҳа меборад зи оҳанги Рубоб,
Мурғи дил дар сина месозад кабоб.
Табли мотам мезанад устоди мо,
Қиссаи Мансур орад ёди мо.
Нола дар печад ба оҳанги Ситор,
Чун навои синаҳои доғдор.
Най кунун оташфишонӣ мекунад,
Бармало рози ниҳонӣ мекунад.
Нолаи Танбӯру тори Арганун,
Мекашад дилро ба саҳрои ҷунун.
Соқии мастона бо нозу ниёз
Ишвае карду бигуфто: "Соз, соз".
Ман намедонам чаро сози ғам аст.
Дар раги ҳар тор гӯӣ мотам аст.
Ин харобобод зиндон гаштааст,
Ҳам сарои ҷумла риндон гаштааст.
Сар бурун овард аз оғӯши ғам,
Пири ботадбир гуфто: "Ай санам

пешина
аз 338
навбатӣ