Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
СУЛТОНИ ҚАЛБҲО
РАФТИВУ НАҚШИ ПОЙИ ТУ
ДИДАМ ГИРИСТАМ
Шаҳдрез:
Хушк шуд з-оташи ғам ашк ба чашм,
Гиря ҳам як дили хуш мехоҳад.
Рафтиву нақши пойи ту дидам гиристам,
Номи туро зи ҳар кӣ шунидам гиристам.
Гардид сарфи гиря саропойи чашми ман чу шамъ,
Поёни кори хеш надидам гиристам.
Расвои гиря аз чӣ шавам шамъ нестам,
Аз базми ӯ канора гузидам, гиристам.
Шаҳдрез:
Ҳаргиз даме зи ёди ту ғофил набудаем,
Ё бурдаем номи туро ё шунидаем.
Воқиф гузашт умри гиромиву ман зи дард,
Доман ба фарқи хеш кашидам гиристам.
Шаҳдрез:
Ҳазор бор қасам хӯрдаам, ки номи туро,
Ба лаб наёварем, аммо қасам ба номи ту буд.
Суруди овозхони маъруфи афғон Ношинос, ки дар рӯзи
дуввуми марги Аҳмад Зоҳир сурудааст. Матни ғазал аз
Воқифи Лоҳурӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо