Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
АЙ ДАР САДОТ НАРМИИ БОРОН
Ай дар садот нармии борон,
В-ай дар гулӯт атри баҳорон.
Наҷвогари таронаи инсон,
Ай ҳиҷратат ба фасли гиёҳон.
Захме нишаста дар дили як ҷаҳон...
Дар солгарди дуввуми марги Аҳмад Зоҳир наттоқи радиои Кобул гуфтааст. Муттаассифона, муаллифаш маълум нест.
АЙ ЗОҲИРИ АЗИЗ, КИ РАФТИВУ ЗОҲИРӢ
Ай булбули ягонаи фасли таронаҳо,
Ай хуштарин навогари асру замонаҳо.
Мотамсаро ба рафтани ту гашта базми ишқ,
Ногуфта монда бар лаби шодат фасонаҳо.
Шӯру суруру мастиву шавку тараб ҳама,
Берун кашида по зи ғамат з-ошёнаҳо.
Ай Зоҳири азиз, ки рафтиву зоҳирӣ,
Ҳамчу ҳуҷаста ахтаре бар беқаронаҳо.
Ин марсияро Абдуллоҳ Шодком, овозхони хушсалиқаи афғон дар солгарди 5-ум марги Аҳмад Зоҳир гуфтааст.
Воҳид Залонд, дӯсти Аҳмад Зоҳир, хонандаи маъруфи афғон низ ин шеърро ба истиснои байти саввумаш дар як солгарди марги овозхон сурудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо