Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ҲАНӮЗ АЗ ҲАФТ ШАҲРИ ОСМОН
ОЯД САДОИ ТУ.

Зи шаҳри мо сафар кардӣ ту рафтӣ дури дур, аммо,
Танинандози шаҳри мост овози расои ту.
Агарчӣ нестӣ андар замини хокиён, аммо,
Ҳанӯз аз ҳафт шаҳри осмон ояд садои ту.
На овозест он к-аз сина берун мекашӣ, ай ҷон,
Шарори сӯзи дил дорад навои ту, навои ту.
Туро дерест ҷоно, синаи хок аст, манзилгоҳ,
Ҳанӯз аз бӯи хок ояд садои ошнои ту.
Ба оҳангу ба мусиқори зебои ту менозам,
Ҳазорон шӯру ғавғо мечакад аз чангу нои ту.
Намедонӣ чӣ оташ мезанад дар қалби хуинам,
Навои ту, самои ту, нидои ту, садои ту.
Ту рафтиву ҳанӯз аз чашми ёрон ашк мерезад,
Ба ёди талху ширин рӯзҳову лаҳзаҳои ту.

Шеъри Мустафо Сиддиқӣ, наттоқи радиои "Армон"-и Кобул. Соли 2004 дар 25-умин солгарди марги Аҳмад Зоҳир гуфтааст.

пешина
аз 338
навбатӣ