Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ОЛИМХОН ИСМАТӢ

ЁДИ АҲМАД ЗОҲИР

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ,
ба ҳар мотам,
Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам,
Меҳан эй Меҳан!
(Аз сурудаҳои овозхон)

Сурудатро ба ҳар манзил шунидам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Ба ҳар ҷое, ки будам, бо ту будам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Навоят рехтан дорад, ба ҷон омехтан дорад,
К-аз овозат биларзад тору пудам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Туро бишнида-бишнида, бирезад ашкам аз дида,
Ғаматро аз дили худ кай зудудам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Дигар ман дил куҷо дорам, ки як дам бишнавам ово?
Ки овои ту, ё раб, дил рабудам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Ту яктой, ту танҳои, ту то дунёст, бо мой,
Худоё, бишнавӣ боре дурудам, Зоҳир, эй Зоҳир!
Туро куштанд ҳамчун машъали дилҳои мо, эй вой,
Бурун омад чу шеър аз сина дудам, Зоҳир, эй Зоҳир!

пешина
аз 338
навбатӣ