Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ТАРОНАҲО

Чӣ сӯзе буда андар сози Аҳмад,
Ки дилро мекунад ҳамрози Аҳмад.
Фурӯ басту шикаст овозам, эй дил,
Ба гӯшам чун расид овози Аҳмад.

Аҷал санге ба ҷоми умри ӯ шуд,
Вале боло мақоми умри ӯ шуд.
Агар умри суруде буд ҳофиз,
Суруди ӯ давоми умри ӯ шуд.

Хаёлам аз навоҳояш пареш аст
Дилам аз нағмаҳояш реш-реш аст.
Гаҳе болида мехонад, ки нӯш аст
Гаҳе нолида мехонад, ки неш аст.

Бупечад савти ӯ дар маҳфили мо
Бишӯрад лаҳзае обу гили мо.
Агар овози ӯ хомӯш гардад,
Садо бидҳад сурудаш дар дили мо.

пешина
аз 338
навбатӣ