Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

НИЗОМ ҚОСИМ

С У Р У Д

Барафрӯзат дили моро
Садои Аҳмади Зоҳир.
Бисӯзад ҳар диле ҷовид
Барои Аҳмади Зоҳир.
Бирафт ӯ аз миён, аммо
Садояш дар миён монда.
Аз ӯ дар олами фонӣ
Садои ҷовидон монда.
Ба овои хушаш мегуфт
Ҳама рози дили моро.
Ба ҳар ҷоне қарин мекард
Ғаму шодии дунёро.
Тасалло як ҳамин бошад
Барои ҳамдилони ӯ.
Ки ӯро зинда медорад
Садои ҷовидони ӯ.
Ба рӯди зиндагӣ ҷӯр аст
Суруди Аҳмади Зоҳир.
Зи сад роз аст гӯётар
Сукути Аҳмади Зоҳир.

пешина
аз 338
навбатӣ