Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
АМОНБЕК ШОҲЗОДА
БАҲРИ ТАРОНА ЗИСТ
Ӯ бо замона зист,
Ба чангу бо чағонаю розу фасона зист,
Аз баҳри хеш не,
Баҳри тарона зист.
Хуршеди дилпазир,
Саҳрои барфгир,
Як шоҳиди таронаи ормони ӯ буданд,
Бо ин бузургӣ порае аз ҷони ӯ буданд.
Дар лаҳни ӯ таронаи паймони ошиқон,
Дар рӯҳи ӯ равонии дарёи бекарон.
Васфи нигори гулдаҳани чун парӣ намуд,
Ширинтаре ба лаҳни худ ҳарфи дарӣ намуд.
Мисли уқобе тез сурудаш парида буд,
То кӯҳи Тирбанд навояш расида буд.
Ними замину ними замона ба шавку шӯр,
Сози варо чу сози дилогаҳ шунида буд.
Чун абри навбаҳор, ки худ навҳа менамуд,
Бар гӯши ҷумла сабзаю гул нола менамуд.
Дар рӯзи марги ӯ,
Ними замину ними замон гиря менамуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо