Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

БАРҚ

Дишаб аз осмони шишанамо
Ҳамчу тире ситорае афтод.
Гӯй бо нолаҳои синагудоз
Тифл аз гоҳворае афтод.

Абрҳои сияҳ ба рӯй кашид
Осмон то канори беохир.
Шуд фурӯзанда барқи кӯтоҳе
Ҳамчунон умри Аҳмади Зоҳир.

Дафтари шеър пеши чашми тарам
Бистари сардро ба ёд орад.
Аз қалам ҷои мисраҳои қатор
Ашки ғам ҷӯя-ҷӯя мешорад.

Турфа расмест олами моро,
Ки касе ҷовидон намемонад,
Нек донам, суруди афғонро
Ҳамчу Зоҳир касе намехонад.

Ҷояш акнун миёни мо холист,
Бурда ӯ созҳо ба пардаи хок.
Аз паси қуллаҳо ба дидаи тар
Алвидоъ гӯямаш ба синаи чок.

пешина
аз 338
навбатӣ