Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ҚУВВАТИ ДАВЛАТ
ТУҒЁНИ СУРУДИ АҲМАД ЗОҲИР

Туғёни суруде зи раҳи хандаву оҳ аст,
Лабрез кунад аз ғаму шодӣ дили моро.
Дар тан бидамад лаззати эҳсоси муҳаббат,
Бар мо бичашонад сари ангушти навосоз
Як бори дигар тамъи ғаму шодии рафта,
Ширинию талхии кафи хотираҳоро.

Бар нолаи қавме биҷаҳад қудрати тундар,
Ояд чу суруде зи раҳи наъраву фарёд.
Бо зерию бамаш хашми халоиқ бихурӯшад,
Ҳампо бикунад пиру ҷавонро ба раҳи дод.

Дар базм ба по ҷумла бихезонида бар рақс,
Нерӯи фусункори дафу савту тарона.
Бо қомати печон бикашад рақскунон сар
Ҳар тан зи шарархонаи дил ҳамчу забона.

Чун замзама хезад зи лабе аз паи бӯса
Андуда ба сӯзи дилу бо ҳасрату армон —
Ёди лаби ёре бимакад хуни диламро,
Бо ёди лабе ояду ларзад ба лабам ҷон.

Ӯ кист ба овози хушаш аз сари фарёд
Ифшо кунад оҳи дили ранҷидаи моро?
Ӯ кист, ки бо нағмаю оҳанг сарояд
Дилшодии дар ханда нағунҷидаи моро?

пешина
аз 338
навбатӣ