Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Баъди аз ғуруби умри ту, эй хушсадо ҳанӯз,
Чашмони хандонрези ман бар гиря моиланд.
Бар фитаи садои ту ман гӯш медиҳам,
Дигар сурудҳо маро бас сарду ботиланд.

Рӯзе равам ба нам-нам борону сар ниҳам,
Бар хоки сард то раҳам аз ғусса тан ба тан.
Хоҳам, вале садои ту бар ҷои ояте,
Афшон шавад чу бодҳо рӯи мазори ман!

МАРСИЯ БАРОИ АҲМАДИ ЗОҲИР

Сурудат боз мехоҳам шунидан,
Зи шеванҳои боду ашки борон.
Ман аз нӯшобаи лаҳни садоят,
Бинӯшам ҷои захри рӯзгорон.

Хуморӣ мешавам чун бар садоят,
Ҳамечӯям туро пайдову пинҳон.
Шабеҳи ту намеранчам ба олам,
Шабеҳи ту манам баргаштаармон.

Зи Кобулҷони ту, дардо, наояд.
Садои хандаи мастонаи ту.
Маро завқи шунидан буду дидан,
Набишнидам дигар афсонаи ту.

пешина
аз 338
навбатӣ