Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ШАҲРИЯ

РОМИШГАРИ БИҲИШТӢ

Ромишгаре, ки ҷон диҳад бар набзи хомӯшам,
Пурармон Аҳмади Зоҳири хушнавост.
Бархе зи ҳофизон агар тақлиди ӯ кунанд,
Аз ин миён садои ӯ бар ҷони ман давост.

Бо савти дилгудози худ бас шӯрҳо фиганд,
К-аз он дили ҳазорҳо чун чашма чӯшида.
Ман марсия сарояму гирям барои ӯ,
К-аз хуни гарми ӯ кадом қотил нӯшида?!

Дар айни навҷвонию парвозҳои дур,
Тири кадом ҷохиле бар синааш расид?
Аз он нафас дилам аз ин дунёи кӯзпушт,
Дар сина сард гаштаву умре аз ӯ рамид.

Аз он нафас ба қалби худ эҳсос кардаам,
Дунёст як фасонаи пурсӯзу нотамом.
Як зумра гар ҳамехӯрад нони ҳалоли ӯ,
Як тӯда мекунад, вале дунёи худ ҳаром,

... Бо он садои гарми худ, ай Аҳмади азиз,
Бар қалби сарди фузун афзудаӣ шарор.
З-он дам, вале, ки рафтаӣ исён ҳамекунам,
Бо ин замони саркашу пуршӯру бебарор.

пешина
аз 338
навбатӣ