Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

хонандаҳои попи тоҷик буд, ки ҳанӯз солҳои ҳафтодум дар Тоҷикистон сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд. Бо кӯмаки хонум ва фарзандони мӯҳтарами Алиҷон Солеҳов ин чорабинӣ дар ҳавлии онҳо баргузор карда шуд. Дар ин маҳфил аксаран сухан дар бораи таъсири мутақобилаи мусиқии тоҷикиву афғонӣ ва нақши Аҳмад Зоҳир дар ин самт рафт. Симои мустақили Тоҷикистон ин маҳфилро пурра сабт намуда борҳо аз тариқи телевизион ба намоиш гузошт. Ҳамин тариқ, асосан бо ибтикори аъзои ҳамин маҳфил солҳои 2010, 2012 дар толори маҷлисҳои Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ва соли 2011 дар зали консертии Филармонияи Давлатии Тоҷикистон концертҳои ҳунармандони Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи Аҳмад Зоҳир баргузор шуданд. Дар баргузории ин концертҳо аъзоёни фаъоли маҳфил шоир ва файласуф Назри Яздонӣ, Ҳоҷӣ Хайриддин, Бадриддини соҳибкор, Абдукарими тоҷир, Ҳотами Равшан, бародарон Абдураҳмону Баҳром Саъдуллоевҳо, Исматуллоҳи Саиди файласуф бо писараш Шаҳром, бародарон Ҷаҳонгиру Аҳмадшоҳи Султон, Додихудо, шоира Меҳриниссо, Амрихудои соҳиби дӯкони дискфурӯшӣ ва махсусан Ғаниҷони Мӯъмин, саҳми арзанда гузоштанд. Дар бораи ин марди ҳимматбаланд, хонандаи азиз, каме поёнтар маълумоти муфассалтар хоҳед гирифт. Яке аз хусусиятҳои асосии концертҳои аз соли 2009 ба ин тараф дар рӯзи мавлуди Аҳмад Зоҳир баргузоршуда аз он иборат буд, ки ҳамаи онҳо ройгон барпо карда мешуданд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонистанд, ки дар онҳо ширкат биварзанд. Ҳамаи ин концертҳо ба наворҳои видеоӣ сабт шуда дастраси ҳаводорони таронаҳои Аҳмад Зоҳир карда мешуданд. Беҳтарин

пешина
аз 338
навбатӣ