Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

шукӯҳу ҳашамати хоса мебахшиданд. Шоирони шинохтаи кишвар Назри Яздонӣ, Мӯҳтрами Ҳотам, Меҳриниссо Бобобекова, Шаҳрияи Аҳтамзод, Ҷамшеди Раҳимзод, шоири эронии муқими Тоҷикистон Муҳаммадризои Тоҷиддинӣ, шоирони афғон Ҳоруни Роъун, Шамсулҳақи Ориёнфар низ аз гулҳои сари сабади маҳфилҳои Аҳмад Зоҳир мебуданд ва ҳастанд.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 2005 ва 2006 бо ибтикори Маркази тадқиқотҳои журналистии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро журналист Хуршеди Атоуллоҳ ба ӯҳда дорад, дар рӯзи мавлуди Аҳмад Зоҳир консерти ҳунармандони маъруфи кишварро дар толори Сирки давлатӣ баргузор карданд, ки барномаи он асосан аз хондани таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар иҷрои овозхонҳои саршиноси тоҷик иборат буд. Дар яке аз ин консертҳо шоири ширинсухани кишвар Озарахши Хуҷандӣ ровӣ буд ва он хеле хотирмон гузашт. Соли 2007 чунин консерт бо ибтикори коргардони маъруфи телевизиони тоҷик Ҳалим Сангинов 27-уми ноябр дар Кохи Ҷомӣ баргузор шуд ва як қисмати он аз тариқи Шабакаи аввали Телевизиони тоҷик пахш гардид. Консерте, ки ба муносибати рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир дар саҳнаи «Амфитеатр» гузашт, аз сабаби кам иртибот доштанаш бо ҳаёту осори ин овозхони нотакрор чандон мавриди писанди алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир қарор нагирифт. Аз ин рӯ соли 2009 аъзои маҳфили Аҳмад Зоҳир ибтикори амалро ба дасти худ гирифтанд. Чун сол соли бузургдошти яке аз аввалин овозхонҳои эстрадаи тоҷик Алиҷон Солеҳов ба ҳисоб мерафт, тасмим гирифта шуд, ки ин ду ҷашни мавлуд якҷо таҷлил шаванд. Зеро шодравон Алиҷон Солеҳов инчунин яке аз аввалин

пешина
аз 338
навбатӣ