Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Шоистаи Тоҷикистон, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, Ҳотами Равшан, ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Гулмурод Тағоев, собиқ раҳбари бадеии ансамбли суруд ва таронаи Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон, Луҳира Мӯминова, солисти ансамбли давлатии "Шашмақом", Сафаралии Қурбоналӣ, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон ширкат мекарданд, фикру андешаҳои худро иброз медоштанд ва суруду таронаҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи худро дар васфи Аҳмад Зоҳир ва ё аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир пешкаши ҳозирин мекарданд. Махсусан Қурбоналӣ Абдуллоев ҳар сол бо дастовези тару тозае ба маҳфили рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир меояд. Ҳатман суруди тозаеро ё дар бораи Аҳмад Зоҳир ва ё аз эҷодиёти ӯ ба армуғон меоварад. Ҳамин чизро дар бораи Фурқати Саид ва Луҳира Мӯминова гуфтан мумкин аст. Ахиран овозхонҳои ҷавон, вале маъруфи кишвар аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Маҳмуд, Шаҳроми Абубакр, Иззат Шарифӣ, Пенҷӣ Аннаев, Қувваталӣ Раҳмонов, Парвизи Пӯлодӣ бо писараш Ромиз, Зайнураи Пӯлодӣ, Сӯфӣ Зафар, Қайси Азиз, Шамсиддини Азиз, Беҳрӯзи Қиём, Муслиҳиддини Қиём низ дар консертҳои бахшида ба солрӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир барпогардида ширкат мекарданд.
Ширкати ду хонандаи ҷавони кишвар Парвини Маҳмадёр ва Суҳайлои Сайидаҳмад, ки дар назди устодони мусиқии Ҳинд дар хориҷ аз кишвар таълиму тадрис дидаанд ва сабки хоси сарояндагии худро доранд, инчунин овозхонҳо ва мутрибони афғонии муқими Тоҷикистон Муҳаммадзоҳири Кобулӣ, Азим Расо, Муҳаммадшарифи Кобулӣ, Салими Бохтарӣ, Шермуҳаммади Ҳиравӣ ба шукӯҳи маҳфилҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё