Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Давлат, Эмомидини Салоҳиддин ва ахиран Нурмуҳаммади Муҳаммадазим барин аҳмадзоҳирхонҳо ширкат карда ҳам хотири дигаронро шод мекарданд ва ҳам сатҳи донишу маҳорати худро дар хондани сурудҳои Аҳмад Зоҳир боло мебурданд. Барои мисол дар ин даҳ соле, ки ин маҳфил вуҷуд дорад, Асадуллоҳ қариб тамоми суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро, ки бо вариантҳои гуногунашон тақрибан теъдоди шашсад таронаро ташкил медиҳанд, азхуд кардааст. Маҳорати аккордеоннавозии худро сайқал додааст. Ҳоло ба эътирофи бародарони афғонии муқими Душанбе Асадуллоҳ яке аз беҳтарин аҳмадзоҳирхонҳои минтақа ба шумор меравад. Ӯ дар навохтани мусиқӣ ва беғалат хондани матни таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз ҳамтоёни дигари худ фарқ мекунад. Дар ин байн ҳамин гуна пешравиро дар таронахонии аҳмадзоҳирхонҳои дигар Аслиддини Бадал, Алии Сабурӣ ва Оқиҷи Фозил дидан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки дар ин маҳфилҳо ба ғайр аз аҳмадзоҳирхонҳо боз гоҳҳо овозхонҳои маъруфу машҳури кишвар ба мисли устод Ҷӯрабек Муродов, Артисти халқии СССР, устод Ҷӯрабек Назриев, ҳунарманд ва олими шинохтаи тоҷик, Қурбоналӣ Раҳмон, роҳбари бадеии ансамбли давлатии "Сомон", Фурқати Саид, роҳбари бадеии ансамбли давлатии "Шашмақом", Қурбоналӣ Абдуллоев, солисти ансамбли давлатии "Дарё", Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Дона Бахромов, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, Соҳиба Давлатшоева, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Мастона Эргашева, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Баҳодури Неъмат, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Бунафша Шокирова, Ҳунарпешаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё