Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

таронаҳои ин маҳфилҳо ва консертҳо аз тариқ сайти интернетии www.ruzgor.tj тавассути бародарон Ҷаҳонгир ва Аҳмадшоҳи Султон ба маърази тамошои муштариёни шабакаи ҷаҳонӣ гузошта мешуд. Ва аммо консерте, ки ба муносибати 65-солагии зодрӯзи Аҳмад Зоҳир дар толори консертии Филармонияи давлатӣ баргузор гардид ва онро беш аз ҳазор нафар дар зарфи қариб чаҳор соат тамошо карданд, як қисмати он аз тариқи телевизиони "Сафина" ба тамоми ҷаҳон паҳш гардид. Бояд гуфт, ки дар ҷашнгирии 65-солагии зодрӯзи Аҳмад Зоҳир ба аъзоёни маҳфил ҳам Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (вазир Мирзошоҳрух Асрорӣ) ва ҳам телевизиони "Сафина" (роҳбараш Лутфуллоҳ Давлатов) дасти кӯмак дароз карданд. Аниқтараш хостаҳои аъзои ин маҳфилро дар бораи ройгон фароҳам кардани толори консертӣ ва аз тариқи телевизион нишон додани концерти мазкур бароварда сохтанд. Аз ин рӯ барояшон самимона арзи сипос мегӯем.

МАН ДАР ИН ВАЙРОНАМАНЗИЛ
ГАНҶҲО ГУМ КАРДААМ

Банда низ яке аз дӯстдорону алоқамандони ҳунари ҷаззоби Аҳмад Зоҳир мебошам. Аввалин бор садои волои ин сарояндаи нотакрорро солҳои донишҷӯиям - охири солҳои шастум ва ибтидои солҳои ҳафтудуми асри гузашта шунидааму ҳамчун ҳамсолони худ як умр мафтуни он гаштаам. Мо он солҳо ҳар як суруди нави ин сарояндаи мумтозро бесаброна интизорӣ мекашидем. Аз радиои Афғонистон онҳоро ба наворҳои магнитофонӣ сабт мекардему байни якдигар паҳн менамудем. Баъдҳо тақдир маро ба муддати чандин сол муқими Афғонистон кард. Ин даврони

пешина
аз 338
навбатӣ