Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ЧАШМАИ ОБИ ЗИНДАГОНИ АСТ
Нағмаҳои равону шевояш.
Балки бедор мекунад моро,
Дар муҳите ғунуда овояш.

Ҳамчу ӯ булбули хушилҷоне
Зодаи ҳар чаман нахоҳад шуд.
Дарди ӯ кудсӣ буди лафзаш низ
Буду ҳасту куҳан нахоҳад шуд.

Ӯ марову чу ман ҳазоронро
Ҳамдилу ҳамнавои дерин аст.
Бо ҳама талхиҳои фарҷомаш
Зиндагибахши ҷони ширин аст.

Ӯ маро мешиносад аз дурӣ,
Ончунон, ки ситора шабнамро.
Ё маро ӯ намешиносад ҳеҷ
Ончунон, ки гузашта ин дамро.

Медиҳад рӯи шишаро молиш
Панҷаҳои бурӯрии борон.
Баъди мо низ бо башар монад
Рӯҳи Зоҳир ҳабибу ҳамдаврон.

пешина
аз 338
навбатӣ