Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

МЕҲРИНИСО

САДОИ ТУ САДОИ РЕЗИШИ БОРОН

Садои ту садои резиши борон,
Садои ту ғиреви обшорон аст.
Садои ту сафои чашмаи кӯҳӣ,
Тапишҳои дили гарми баҳорон аст.
Ҷаҳон аз шӯри оҳангат шарар дорад,
Забону лаҳни ширинат шаккар борад.
Миёни мавҷи оҳангат чӣ асрорест,
Ки дар оғӯши зебоят гуҳар борад.
Дами Исо ҳамеояд аз оҳанги садои ту,
Басе ушшокро дидам саропо мубталои ту.
Ҳунармандони дунёи ҳунар бешубҳа бисёранд,
Шукӯҳи дигаре дорад валекин муддаъои ту.
Зи овози ту овози ниё бар гӯш меояд,
Зи оҳанги ту оҳанги висолу нӯш меояд.
Суруди ту Хуросонро сурури ҷовидон бахшад,
Баҳори орзуҳоям зи ту гулпӯш меояд.
Ҷаҳони ту ҷаҳони шеъру оҳанг аст,
Ҷаҳон бе шеъру оҳанги ту беранг аст.
Набошад гар суруди дилфиреби ту,
Барои гиря кардан ҳам дилам танг аст.

пешина
аз 338
навбатӣ