Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

VI. ЗАМИМА

  1. АШЪОРИ ШУАРОИ ТОҶИК ДАР ВАСФИ
    АҲМАД ЗОҲИР

ФАРЗОНА

ФИҒОНИ ХАЛҚЕ, КИ АҲМАДИ
ЗОҲИРРО ОФАРИДА

Суруде ҳамчу пайгоми ҳаёт ояд ба гӯши ман,
Суруде, ки сукунатро кушод дар мулки хоболуд.
Суруде, ки худовандаш сукути ҷовидон дорад,
Магар хезад наво аз гӯр в-аз лабҳои гиландуд?!

Аё мурғи шабовези Ватан, бо хуни поки ту
Кадомин теғ зангаш шусту то дунёст, хунин монд?
Суруди охиринат ашки борон буду чун бишнид,
Кадомин қотилеро дил даруни сина сангин монд?

Намедонам, вале гоҳе, ки овои ту мехезад,
Фурӯ хоҳад шуд он қотил зи авҷи нағмаҳои ту.
Ту якто будӣ ву хуни ҳазорон қотилат акнун,
Баробар нест, эй доди Худо, бо хунбаҳои ту.

пешина
аз 338
навбатӣ