Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Аҳмади хушовоз!
Ҳунару истеъдоди нотакрори ту беҳтарин қосиди фарҳанги асил буд: Дар Балҳу Бухоро, Самангону Самарқанд, Хоразму Исфаҳон, Форобу Фарғона, Хуросону Бағдоду Эрон, Аврупову Амрико ва кулли ҷаҳон.
Аҳмади ҳунарманд! Оё медонӣ? Аз он рӯзе ки тири ҷаҳолат тӯи ҳунармандро аз мо рабуд, ба сари сарзамини ШОҲНОМАСОЗ - и ту бозии АШКБӮСОНИ ҷаҳон оғоз шуд. Кобулҷонатро мисли орзуҳои ҷавонмаргат ба хок яксон карданд.
Бархез Аҳмад! Синни 55 - барои марде, ки зодгоҳаш ДИЛИ ОСИЁСТ - камоли шукуфоии ҳунар аст! Бори дигар садо кун! Сари кӯҳҳои баланди Осиё! Бо фарёди форами ҳунарат садои пурдаҳшати тиру тӯфанги ҷоҳилони абарқудратро хомӯш кун! То оҳанги зебову осмонпечи мусиқиат авбошони сарзаминатро зебопарастӣ омӯзанд. То ба ватани хастаҳоли ту ба ҷои силоҳ - инсоф, ба ҷои заҳр шакар, ба ҷои ҷаҳл - муҳаббат арзонӣ кунанд. Гӯши ваҳдати Афғонистон имрӯз беш аз ҳама рӯз ниёз ба овози дилнавози ту дорад.
Бархез Аҳмад, бори дигар Зоҳир шав! Бо зеботарин фарёди ватандорӣ суруди меҳрубонӣ, ишқ, дӯстӣ, ҳамдилӣ бихон! То мардумони ҷаҳонпарешони кишвари мардпарварат - шефтаи овоз ба сӯят бишитобанд ва бигӯянд: паёми сулҳ ва ҷашни мавлуд бар ту ва бар ватандорон муборак!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё