Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Садое, ки лол монӣ, ки ӯст дар нағма,
Ва ё тараннуми борон аст.
Садое, ки меҳру муҳаббати волидон доранд,
Садое, ки бӯи ҷовидон дорад.
Садое, ки ҷон дорад...

Оишаи Бухороӣ агарчӣ эҳсосоти қалбиашро ба риштаи наср кашидааст, вале он на камтар аз шеъру қасидаву ғазал муассиртар будааст. Таронаи мансури "Бархез, Аҳмад", ки бо баҳонаи 55 - солагии Аҳмад Зоҳир суруда шудааст, моҳият ва қиммати на камтар аз як достонро дорад. Барои ҳамин ҳам бо овардани матни пурраи ин тарона ман ба рисолаи худ дар бораи Аҳмад Зоҳир ҳусни мақтаъ мебахшам:

"Бархез Аҳмад, ба чашмам Зоҳир шав! Бароят фасонаи ҷашни мавлуд бигӯям. Замоне буд - айёми тозаҷавониям. Сахт зебопараст будам. Чеҳраи зебо ва суруди фораму ғулгулаангезат ба дилҳо мавҷи тӯфони муҳаббат мезад. Мисли ҳар як ҷавони 35-соли қабл. Он рӯзгор аксҳоятро дар мағозаву дӯкон, дар кӯчаву бозор, дар пештоқи манзил, ҳамрадифи аксҳои арӯсии ҳар хонадон, баъзан дар паҳлӯи акси Гугуш медидам ва то дер гоҳ тамошояш мекардам...

Он замон ту оҳанги ниёзи ҳамзабониро бар гӯши мо - ташнагони дурри дарӣ бо ифтихори том тараннум мекардӣ.

Садои зиндагии орому зебоят аз он сӯйи дарё марзҳои сиёсиро убур мекард. Ва аз қаъри дарёи Омӯ гавҳари ҳунари волои Кобулҷонатро ҷорӣ мекард, сӯйи мо - ташнагони садои ошно.

пешина
аз 338
навбатӣ