Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ва мегӯяд:

Ай булбули зи бедилӣ дар банди сад наво,
Даркаш забон, ки Аҳмади Зоҳир намешавӣ.

Дар матлаъи як ғазали дигари ба Аҳмад Зоҳир бахшидааш ин матлабро Ҷамшед ба ин тарз овардааст:

Сарояд Аҳмади Зоҳир даме бо чаҳ-чаҳи ширин,
Дилам аз ростӣ сӯзад ба ҳоли булбули мискин.

Дар байти охири як рубоӣ Ҷамшед аз булбул хоҳиш мекунад, ки аз сахтгуфториҳояш наранҷад:

Булбули вола, маранҷ аз сари ноз аз суханам,
Хуш наво дориву чун ӯ ту куҷо мехонӣ?

Барои чӣ Ҷамшед ин қадар дилбанди таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст? Ба ин савол худи ӯ дар як шеъраш чунин ҷавоб гуфтааст:
Барои ман муқаддасанд:
Замин Модар Ватан Сулҳ Баҳор Ва охир Садои Аҳмад Зоҳир Садое, ки таровати баҳорро дорост, Садое, ки рашки баҳорон аст.

пешина
аз 338
навбатӣ