Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Агар ӯ соф Зоҳир буда бо зоҳирпарастоне,
Барои ман зи баъди Борбад ӯ Борбад буда.
Ҳама хунёгарони бодӣ андар пеши ӯ ҳеҷанд,
Бароям то абадҳои абад ӯ Борбад буда.

Дар байни шоироне, ки барои Аҳмад Зоҳир шеър гуфтаанд, Ҷамшеди Раҳимзод аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад. Қабл аз ҳама ин ки ӯ ҷавонтарини онҳо ба шумори меравад. Ҳамагӣ сиву се сол дорад. Аз ин умри худ понздаҳ солашро ӯ дар бистари маризӣ гузаронидааст. Понздаҳ сол боз ӯ аз пой мондааст. Худованд ӯро агар аз неъмати пои равон маҳрум кардааст, вале табъи равонаш додааст. Ҷамшед дар бораи Аҳмад Зоҳир чунон шеъри зиёде навишт, ки баъдан онҳоро гирд оварда дар як маҷмӯа таҳти унвони "Аҳмадзоҳирнома" ба нашр расонидааст. Ҷамшед, чи тавре, ки дар шеъраш мегӯяд, садои Аҳмади Зоҳирро дар гоҳвора баробар бо нӯшидани шири модар шунидааст:

Зи ҳама нағмаи пурғулғули булбул шуда дилгир,
Волаи нози навои ту шудам, Аҳмади Зоҳир!
Лаззати меҳри садои ту ба гаҳвора шунидам,
Ман аз он чашмаи Зам-Зам, шарафи кул-қули шир.

Шоирони зиёде дар вақти тавсифи овозхонҳо онҳоро ба булбул ташбеҳ додаанд. Ҷамшед ҳам дар вақти васф кардани Аҳмад Зоҳир аз вожаи булбул истифода кардааст, вале бо тафовут аз дигарон. Дар боло дидем, ки дар як байте аз овози булбул дилгир шуданашро гуфта, хоҳиши шунидани садои Аҳмад Зоҳирро кардааст. Дар ҷои дигар ба булбул руҷӯъ карда, ӯро ба хомӯшӣ даъват мекунад

пешина
аз 338
навбатӣ