Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Як ҷаҳони ғуссаҳои.
Бо дили афсурдаи ман
Солҳо шуд ошноӣ
Кош ҳаргиз ман набудам,
Кош ҳаргиз ман набудам.
Вале бо ҳамин ду тарона мавзӯи робитаи Абдулло Қодирӣ бо Аҳмад Зоҳир қатъ намешавад. Шоири тоҷик, чи навъе, ки худаш мегӯяд, якчанд шеъри худро баъди шунидани ин ва ё он суруди Аҳмад Зоҳир эҷод кардааст. Аниқтараш илҳом аз таронаҳои мушаххаси Аҳмад Зоҳир гирифтааст. Абдулло Қодирӣ ҳамчун намуна суруди Аҳмад Зоҳир бар матни устод Халиллулоҳи Халилӣ "Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне" - ро мисол меорад. Сурудро бори аввал мешунидам, - мегӯяд Абдулло Қодирӣ. Ҳамин, ки Аҳмад Зоҳир мисраи "Ба танг омад дилам з -ин зиндагӣ, ай марг ҷавлоне" - ро бо як сӯзе хонд, дигар худро дошта натавонистаму талх гиристам. Чунон дар зери таъсири ҳамин суруд мондам, ки худи ҳамон шаб назирае ба ҳамин ғазали устод Халиллулоҳи Халилӣ навиштам".
Мо барои намуна чор мисраеро аз ин ғазал пешкаши шумо, хонандагони гиромӣ мекунем:
Шаби ҳиҷрон набошад ҳосилам ҷуз ашки сӯзоне,
"Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг ҷавлоне!".
Гуноҳам чист, ай золим, чунин озурда медорӣ?
Магар дар ғафлатӣ аз мавҷхези ашки тӯфонӣ?
Абдулло Қодирӣ мутаассир аз марги Аҳмад Зоҳир шеъреро дар вазну услуби суруди овозхон "Ай ба дидаам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё