Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

торик, моҳи осмон бе ту" эҷод мекунад, ки баъдан ҳофизи хеле боистеъдоди тоҷик Дона Баҳромов дар пайравӣ ба сабки таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба он оҳанг баста, хеле таъсирбахш сароидааст. Инак чанд байти он сӯгворӣ:

Навҳа мекашад чун дил абри дидагон бе ту,
Тира дар назар тобад шамъи шабравон бе ту.
Ашки сабза шуд Шабнам, лола дар даман дилхун,
Ғунчаҳои нашкуфта дар чаман хазон бе ту.
Базми мо басе дилгир ҳарфҳо пароканда,
Талх аз ҷудоиҳост айши ошиқон бе ту...

Шоири маҳбуби тоҷик Абдулло Қодирӣ ба ҳунари Аҳмад Зоҳир чунон ҳам меҳр баста буд, ки вақте бо Масхур Чамол, яке аз овозхонҳои маъруфи афғон шинос мешавад ва мефаҳмад, ки ӯ қаблан найнавози Аҳмад Зоҳир будааст, бадеҳатан барояш мегӯяд:

Ай найнавози Аҳмад Зоҳир, чӣ гӯямат?
Сӯзи ҳазор нола ба ноят мукаррар аст.

Баъдан шоир ин байтро ба ғазале дар васфи найнавози Аҳмад Зоҳир Масхур Чамол табдил медиҳад.

пешина
аз 338
навбатӣ