Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Чӣ гуна ҳамон матн ба дасти Аҳмад Зоҳир расидааст, ба ман маълум нест. Шояд оғои Залонд матнро ба ӯ дода бошад. Ба қавли дӯстам вақте ин таронаро Аҳмад Зоҳир бори аввал дар Мазори Шариф мехонад, бисёриҳо аз таъсири он гиря кардаанд, - мегӯяд Абдулло Қодирӣ. Матни ин таронаи Аҳмад Зоҳир дар он ду китоби қаблан ёдшуда, яъне "Боз омадам" ва "Танҳо садост, ки мемонад" низ оварда шудааст. Вале дар ҳарду ҳолат ҳам мураттибон номи муаллифи шеърро зикр накардаанд. Муқоисаи матнҳои китоб бо наворҳои суруд тағйироти на чандон ҷиддиеро дар байни матнҳо нишон медиҳанд. Ин таронаро Аҳмад Зоҳир дар ҳамин шакл мехонад:
Аввалин ишқам ту будӣ,
Охирин ишқам ту будӣ.
Рафтӣ аз ман дил гирифтӣ,
Бо гапи мардум намудӣ.
Дарду андӯҳам фузудӣ,
Дар сукути нимашабҳо,
Бо худам танҳо нишастам.
Нағмаи маргам сурудам,
Кош ҳаргиз ман набудам.
Кош ҳаргиз ман набудам.
Худ бигӯ бо ман чӣ ҳастӣ?
Саркашу мағруру мастӣ?
Ишқ, яъне нима мурдан
Риштаи ҳастӣ буридан
Кош ҳаргиз ман набудам,
Кош ҳаргиз ман набудам.
Оҳ ай ишқ, бош, куҷоӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё