Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ҳамон матну дар ҳамон оҳанге, ки Абдулло Қодирӣ ва Амнун Бободӯстов эҷод карданд. Вале дар ҳеҷ куҷое номи муаллифи матн ва оҳангсозро нагирифтаанд. Суруд солҳое, ки дар толорҳои консертии ҷумҳуриҳои мухталифи шӯравӣ садо медод, онро суруди тоҷикӣ гуфта, муаррифӣ мекарданд. Дар кишварҳои форсизабон бошад, ҳамин чизро намегуфтанд. Ин сурудро, дар он ҷое, ки садо медод, моли халқи худ медонистанд. Ин суруд дар номгӯи 500 таронаи беҳтарини эронӣ дар китобе, ки соли 1978 дар Теҳрон чоп кардаанд, дохил шудааст. Онро ҳамчун таронаи халқии эронӣ пешкаши хонандагон кардаанд.

"АВВАЛИН ИШҚАМ ТУ БУДӢ"

Суруди дигареро, ки Аҳмад Зоҳир бар матни шоири ширинкаломи мо Абдулло Қодирӣ мехонад, таронаи "Аввалин ишқам ту будӣ" мебошад. Таърихи ба дасти Аҳмад Зоҳир расидани ин матн ҷолиб аст. Абдулло Қодирӣ соли 1964 ҳангоми хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси афсари тарҷумон дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод бо ҳайати ҳунармандони афғонӣ бори дигар вомехӯрад. Хонум Рухшона ва Абдуҷалил Залонд, ки Абдулло Қодириро нағз мешинохтанд, аз ӯ боз дархости ягон шеъри хубе барои оҳанг бастан мекунанд. Абдулло Қодирӣ, мегӯяд, ки ман ҳамон вақт шеъри "Аввалин ишқам ту будӣ" - ро навишта будам ва онро ҳамон лаҳза ба оғои Залонд додам. Солҳо мегузаштанд. Вале аз тақдири шеърам дараке набуд. Боре як дӯсти даврони донишҷӯиям Ашӯр Ғулом, ки дар Афғонистон кор мекард, билохира ба ман мужда овард, ки Аҳмад Зоҳир яке аз шеърҳоямро оҳанги хеле дилошӯбе бастааст.

пешина
аз 338
навбатӣ