Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ҳамон суруд ба Ҳафизуллоҳ Хаёл муаррифӣ мекунад. Устод Хаёл дар тааҷҷуб мемонад, ки чӣ гуна як ҷавон чунин суруди хубро эҷод кардааст. Баъдтар ин суруд дар иҷрои бисёре аз овозхонҳои афғонӣ, аз ҷумла Абдураҳими Сорбон, Зоҳир Ҳувайдо, Афсона, Наим Пупал ва ғайра борҳо садо додааст.

"Вале онро вақте, ки тасодуфан дар навори як дӯстам, Хуррам Раҳимов, дар иҷрои Аҳмад Зоҳир шунидам, хеле мутаассир шудам. Аҳмад Зоҳир он сурудро дар як консерти маҳфилиаш хеле дилкаш месуруд, - мегӯяд худи Абдулло Қодирӣ. Дар омади гап бояд бигӯем, ки ин суруди Абдулло Қодириро овозхони машҳури эронӣ Саттор низ хеле хуб сароидааст. Ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ суруди мазкур тавассути Наим Пупал, ки баъди марги Аҳмад Зоҳир ба нишони эътироз аввалин шуда ҷилои Ватан карда буд, мақбули ҷавонони эронӣ мегардад. Саттор ҳам онро ҳамчун таронаи халқии эронӣ ба репертуари худ дохил карда будааст. Ин хонандаи машҳури эронии муқими Амрико соли 2006 бо як сафари ҳунарӣ ба Душанбе омад. Нависандаи ин сатрҳо бо ӯ як мусоҳибае доир кард. Дар ин мусоҳиба аз ӯ суол кардам, ки таронаи "Ай нигори нозанин", ки замоне ӯ мехонд, моли кадом шоиру оҳангсоз аст. Ӯ посух дод, ки ин таронаро ёд дорад, ки Сулӣ ном хонандаи эронӣ қабл аз ӯ мехондааст. Моли кӣ будани матну оҳанги онро намедонад. Шояд моли мардумӣ бошанд, - тахмин кард ӯ. Вақте гуфтам шеъри ин суруд моли шоири тоҷик Абдулло Қодирӣ ва оҳанги он маҳсули эҷоди оҳангсози тоҷик Амнун Бободӯстов мебошад, хеле муттаҳайир шуд. Воқеан, ин сурудро овозхонҳои машҳури қариб 10 кишвари ҷаҳон бо забони тоҷикӣ хондаанд. Қариб, ки бо

пешина
аз 338
навбатӣ