Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бегуфтор,
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.
Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист.

Устод Мирзо Турсунзода ин сурудро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир бори аввал ҳангоми бемориаш дар шифохонаи ҳукуматӣ аз касетае шунидааст, ки наздиконаш барояш ба он ҷо оварда будаанд. Дар ин бора ба нақли нафақахӯри меҳнатӣ, собиқ хоҳари шафқати шифохонаи ҳукуматии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Насима Шодиева таваҷҷӯҳ мекунем:

"Боре ба шифохонаи мо барои табобат Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, устод Мирзо Турсунзодаро оварданд. Он вақт устод маъруфтарин ва маҳбубтарин одами ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафтанд. Он касро ҳама дӯст медоштанд. Махсусан мо занҳо бештар. Зеро ӯ ҳам вассофи мо буду ҳам мудофеи ҳуқуқи мо. Аз ҳамин сабаб аз духтурон то фаррошон ҳама мекушидем, ки оромишу низом дар шифохона халалдор нашавад.

Рӯзи навбатдории ман буд. Ногоҳ садои мусиқӣ баланд шуд. Ҳофизи бароям номаълуме суруд мехонд. Ҳарчанд лаҳнаш ширин буд, ба ёдам устод Мирзо Турсунзода расид, ки мабодо малоли хотирашон нашавад. Тез ба сӯи утоқе, ки аз он овоз меомад, давидам. Бинам, ки ин утоқи худи устод аст ва чанд нафаре магнитофонро баланд монда сурудеро гӯш мекунанд.

пешина
аз 338
навбатӣ