Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ТУРО САД БОР ГУФТАМ,
КИ ҒУЛОМАТ МАН, ҲАМИН КОФИСТ

Дар бораи чӣ гуна Аҳмад Зоҳир як шеъри устод Мирзо Турсунзодаро интихоб намуд ва баъдан ба он оҳанг баст, дӯсти ӯ Ҷӯрабек Назриев нақли аҷибе кард. Тибқи он моҳи феврали соли 1976 баъди шиносӣ пайдо кардан Аҳмад Зоҳир бо ҳамроҳии Ҷӯрабек Назриев меҳмони олими шинохта Шаҳбоз Кабиров мешаванд, ки он вақт он кас бо ҳамроҳии завҷаашон, шоираи ширинкалом Меҳриниссо дар Кобул ба ҳайси тарҷумон кор мекарданд. Дар ҳини сӯҳбат сухан аз шеъру шоирӣ меравад ва устод Шаҳбоз Кабиров, барои бо намунаи назми тоҷик шинос кардани Аҳмад Зоҳир "Мушоира" ном китоберо, ки дар он гулчине аз ашъори шоирони форсу тоҷики мамолики Осиё бо хуруфи арабӣ чоп шуда буд, ба ӯ нишон медиҳад. Ҳини шиносӣ бо китоб фикри оҳанг бастан ба шеърҳои шуарои тоҷик пайдо мешавад. Барои баргузидани матн ҳозирин баъди машварат ба хулоса меоянд, ки онро ба тарз ё услуби фол кушодан интихоб намоянд.

Ҳамин тавр ҳам карданд ва шеъри устод Мирзо Турсунзода "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" рост омад. Аҳмад Зоҳир вақте шеърро хонд, он ба вай хеле хуш омад ва ваъда дод, ки ҳатман онро то Соли Нав, яъне то Наврӯз, ба оҳанг медарорад.

Рӯзи Наврӯзи соли 1976 суруди "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" нахустин бор дар байни мардум садо медиҳад ва аз ҳамон дам яке аз сурудҳои дӯстдоштаи алоқамандони Аҳмад Зоҳир ба шумори меравад:

пешина
аз 338
навбатӣ