Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан
  • Биё, Насимаҷон, биё. Аҳмад Зоҳирро гӯш кун, гуфтанд ба ман устод. Баъдтар фаҳмидам, ки яке аз шогирдони устод кассетаи овозхони маъруфи афғон Аҳмад Зоҳирро, ки дар он як шеъри устод "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" низ ба оҳанг дароварда шуда будааст, бароиш овардааст. Устод аз ин тӯҳфа хеле ҳам хурсанд шуда буд. Ӯ такрор ба такрор ин кассетаро гӯш ва хурсандӣ мекард. Ӯ хурсанд аз он буд, ки шеърашро як ҷавони афғонӣ чӣ гуна зебову ҷолиб месарояд! Ӯ аз он хурсандӣ мекард, ки каломаш марзро убур кардаасту имрӯзи мояи шодиву фараҳи ҷавонони кишвари ҳамзабон гардидааст. Сурудҳои дигари ин ҳофизро низ бо диққат мешунид.

Баъди овардани ин кассета дидам, ки аҳволи устод рӯз ба рӯз беҳтар шудан гирифт. Ба овози Аҳмад Зоҳир мо низ дил бастем. Ин овоз танҳо шифобахши беморон набуд, балки ба дарди дили табибон низ дармон мебахшид"...

"АЙ НИГОРИ НОЗАНИН,
ЯК ДАМ ПАҲЛӮЯМ БИШИН"

Муаллифи матни боз ду суруди Аҳмад Зоҳир шоири боистеъдод ва ширинсухани муосири тоҷик Абдулло Қодирӣ мебошад, ки бо тахаллуси Мумтоз низ шӯҳрат дорад. Қиссаи эҷоди ин таронаҳо ва чӣ гуна ба репертуари Аҳмад Зоҳир ворид шудани онҳо хеле аҷиб аст. Устод Абдулло Қодирӣ дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо дар бораи таърихи эҷод ва саргузашти ин сурудҳояш муфассал ҳикояти хеле ҷолиб карданд.

Суруди аввал бо номи "Ай нигори нозанин" дар Афғонистону Эрон машҳур буд. Абдулло Қодирӣ ин таронаро

пешина
аз 338
навбатӣ