Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

муаллиф.

Масалан, имрӯз бархе аз рӯзноманигорому оҳангсозони тоҷик бар онанд, ки як чанд таронаи Аҳмад Зоҳир моли оҳангсозони тоҷик мебошанд ва гӯё Аҳмад Зоҳир бо каме тағйирот онҳоро дар репертуари худ ҷой додааст. Ҳаддиақал дар ҳоли ҳозир аз се тарона ном мебаранд. Журналисти мусиқишинос Шаҳобиддини Ҳақназар муддаӣ аст, ки таронаи Аҳмад Зоҳир "Ошиқ шудай, эй дил, ғамҳоят муборак бод" аслан бар пояи оҳанги композитори маъруфи тоҷик Фаттоҳ Одинаев эҷод шудааст. Оҳангсози тоҷик ин таронаро бар матни шоири маъруф, шодравон Лоиқ Шералӣ, ки назира бар ғазали Ҷалолиддини Балхӣ бастааст, таҳия карда, ба сарояндаи хушхон Тоҷиддин Муҳиддин медиҳад. Ба ақидаи Шаҳобиддини Ҳақназар суруди "Ошиқ шудай, эй дил, ғамҳоят муборак бод" - ро аввалин маротиба Тоҷиддин Муҳиддин сурудааст. Мо чӣ гуфта метавонем дар ин робита. Нахуст лозим медонем ба як ғалат рӯшанӣ андозем.

Дар ҳақиқат, дар кишвари мо ва ҳатто дар Афғонистон аксаран бар онанд, ки матни таронаи Аҳмад Зоҳир "Ошиқ шудай, эй дил, ғамҳоят муборак бод!" шеъри орифи тавоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳаст. Ҳатто дар ягона китоби таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки борҳо аз он ёдовар шудем, "Танҳо садост, ки мемонад" низ матни ғазали Ҷалолиддини Балхӣ "Ошиқ шудай, эй дил, савдот муборак бод!" ба пуррагӣ оварда шудааст. Дар асл бошад Аҳмад Зоҳир дигар матнро мехонад. Таронае, ки ӯ мехонад, аввал ин ки ғазал нест. Ҳарчанд дар оғоз матлаъеро ҳамчун ғазал иборат аз ду мисраъ мехонад. Вале порчаҳои баъдинаро Аҳмад Зоҳир се мисраъ - се мисраъ хондааст, ки онро аз ҷиҳати

пешина
аз 338
навбатӣ