Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

шакли шеърӣ мусаллас метавон гуфт. Ба гуфтаи шоир, дӯсти Аҳмад Зоҳир Сафиуллоҳ Субот матни ин шеър ба қалами шоири ширинсухани афғон Абдулаҳмади Адо маъруф ба Шерого тааллуқ дорад. Аҳмад Зоҳир аз шоирони замонаш аз ҳама бештар бо ӯ ҳамкории наздик дошт. Бино ба қавли Сафиуллоҳи Субот албоми 13-уми таронаҳои Аҳмад Зоҳирро асосан шеърҳои навиштаи Абдулаҳмади Адо ташкил медиҳанд. Ин шоири ширинкалом соли 2004 дар Исломободи Покистон аз дунё дармегузарад ва мутаассифона, китоби ашъораш дар Афғонистон то ба ҳол ба нашр нарасидааст.

Вале гап ҳоло ин ҷо сари ин масъала нест. Гап сари он аст, ки оҳанги ин тарона моли кӣ ҳаст? Мӯҳтарам оҳангсози машҳури кишвар шодравон Фаттоҳ Одина дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки агарчи таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бисёр шунидааст ва ба истеъдоди ин овозхон эҳтиром қоил аст, вале ҳангоме, ки ин таронаро эҷод мекард, аз мавҷудияти чунин суруд дар эҷодиёти овозхони машҳур иттилоъ надоштааст. Дар бораи ду таронаи дигар "Ай шӯълаи ҳазин, ай ишқи оташин" ва "Дидам нигори худро мегашт гирди хона" ҳамин гуна даъвоҳое аз ҷониби бархе аз рӯзноманигорони дигар вуҷуд доранд. Онҳо далел оварданӣ мешаванд, ки ин сурудҳоро дар ҳамон як оҳангу як матн мутаносибан, аввал овозхонҳои тоҷик Зафар Нозим ва Дона Баҳром гуфтаанд, сипас онҳоро Аҳмад Зоҳир сурудааст. Дар сӯҳбат бо мо устод Зафар Нозим гуфтанд, ки суруди "Ай шӯълаи ҳазин"-ро ӯ аз дӯсташ, овозхони машҳури афғон Абдуҷалил Залонд ҳангоми яке аз сафарҳои ҳунариашон ба Кобул ба ёдгор гирифтаанд. Овозхони дигари маъруфи мо Дона Баҳромов маҳсули эҷоди ӯ будани таронаи

пешина
аз 338
навбатӣ