Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Аҳмад Зоҳирро, ки худ онҳоро хондаанд, ҷой додаанд. Субҳон Саид дар албоми "Муҳаббат" таронаи "Моҳам зи роҳ расиду вале нарасида рафт", Наҷмиддини Қаландар дар албоми "Баҳори зиндагӣ" таронаҳои "Агар ин осмон ситора надошт", "Боз омадӣ, эй ҷони ман", Ҷамшед Низомов дар албоми "Нури дида" суруди "Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт", Парвиз Пӯлодӣ дар албоми "Нахустин" "Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам", Фурқати Саид дар албоми "Таронаҳои беҳтарин"
"Ёди рӯзгори ширин" -ро бо як маҳорати баланд сурудаанд. Ороиши мусиқӣ ё худ оранжировкаи ин таронаҳо хеле ҷолибу дилчасп аст. Овозхонҳо дар ин самт ҳатто ба эҷодкориҳо даст задаанд, ки боиси таҳсин аст. Ин гуна эҷодкориро мо ҳангоми сурудани таронаҳои мазкур дар иҷрои Субҳон Саид, Фурқати Саид, Парвизи Пӯлодӣ ва Ҷамшеди Низом мебинем.

ОШИҚ ШУДАЙ, ЭЙ ДИЛ,
ҒАМҲОЯТ МУБОРАК БОД

Дар ҳамин ҷо мехоҳам таваҷҷӯҳи мутахассисин, овозхонҳо, оҳангсозону рӯзноманигорон ва мухлисони созу
сурудро ба як масъалаи ба ақидаи ман хеле муҳим, ҷалб
кунам. Ин ҳам бошад дар вақти муаррифӣ кардани номи
тарона ва овозхони он, ҳатман ном бурдани оҳангсоз ва
муаллифи матни суруд аст. Мутаассифона, ин қоида дар
радиову телевизион, матбуот ва муоширати мо қариб, ки
рия наменашавад. Чунин муносибат агар аз як тараф нодида гирифтани заҳмати оҳангсоз ва муаллифи матн бошад,
аз сӯи дигар дар оянда метавонад ҳарчу марҷҳоеро ба бор
биёрад. Ба хусус, дар масъалаи муайян кардани ҳуқуқи

пешина
аз 338
навбатӣ