Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

махбуби ҳаводорони ҳунари мусиқии ҷумҳурӣ гардид.

Баъзеҳо бораанд, ки сабаби асосии маҳбубият касб кардани Ҷӯрабек Назриев ҳамчун овозхон сурудҳое буданд, ки Ҷӯрабек Назриев онҳоро аз репертуари Аҳмад Зоҳир гирифтааст. Ба фикри банда ин гуна натиҷагирӣ чандон дуруст нест. Ҷӯрабек Назриев аз осори Аҳмад Зоҳир чандон сурудҳои зиёдеро ба репертуари худ ворид накардааст. Адади ин сурудҳо аз 10 - 15 зиёд нест. Инҳо асосан сурудҳое ҳастанд, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир умдатан, дар ҳавои асбобҳои мусиқии миллӣ аз қабили рубобу ситор, таблаку най ва ҳармония гуфтааст. Ҷӯрабек Назриев аз Аҳмад Зоҳир дигар чизи муҳимтарро гирифтааст. Тарзу услуби сарояндагӣ, сабки дар мардум маҳбубият пайдо карданро аз ӯ гирифтааст. Чизи муҳими дигар ин буд, ки маслиҳати ӯро гирифтааст. Аҳмад Зоҳир ба овозхонҳое, ки ба ӯ пайравӣ мекарданд, борҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳар кадом бояд бо ҳанҷараи худ суруд бихонад то маҳбуби дилҳо шавад.

Ва Ҷӯрабек Назриев чунин ҳам кард. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир "Ханда ба лабҳои туро", "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ", "Ай подшаҳи хубон дод аз ғами танҳоӣ", "Шабу чу дар бастаму маст аз маи нобаш кардам", "Дилакам, ай дилакам, ай дилакам", "Аз ғамат ай нозанин, азми сафар мекунам", "Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман" - ро дар иҷрои Ҷӯрабек Назриев ҳаводорони санъати овозхонӣ бо як шавку шӯри хосае пазируфтанд. Ӯ дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрати баланд касб кард. Баъди устодон Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов Ҷӯрабек Назриев овозхоне шуд, ки соҳиби мактаби эҷодӣ гардид. Ба он маънӣ, ки гурӯҳи калони

пешина
аз 338
навбатӣ