Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
кардааст. Ӯ ҳатто имрӯз бо ифтихор метавонад бигӯяд, ки дар интихоби матни баъзе аз таронаҳои Аҳмад Зоҳир бо ӯ ҳамкорӣ кардааст ва ҳатто дар таҳияи баъзе сурудҳои ӯ кӯмаки худро дареғ надоштааст. Чунончи суруди русии "Я встретил девушку" -ро Аҳмад Зоҳир бо кӯмаки Ҷӯрабек Назриев таҳия кардааст.
Аҳмад Зоҳир ба воситаи Ҷӯрабек Назриев бо таронаҳои устодон Акашариф Ҷӯраев, Абдуллоҳ Назрӣ, Иброҳими Кобулӣ, Боймуҳаммад Ниёз, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Мурод, Дона Баҳром ва ғайра аз тариқи кассетаҳои онҳо ошноӣ пайдо кард. Завку рағбати ӯ ба сурудҳои тоҷикӣ боло гирифт. Бисёр вақт барномаҳои консертии радиои Тоҷикистонро гӯш мекард ва аз Ҷӯрабек Назриев баъзе чизҳои нафаҳмидаашро мепурсид.
Масалан ба гуфтаи донишманд ва овозхони тоҷик Ҷӯрабек Назриев боре Аҳмад Зоҳир аз радиои Тоҷикистон таронаеро дар иҷрои хонандаи хеле хуби кишварамон Мағфират Ҳамроқулова шунида онро меписандад ва дар бораи Мағфират аз Ҷӯрабек пурсон мешавад.
Самади Дор-Дор низ ин суханони Ҷӯрабекро тасдиқ намуд.
Мутаассифона, чи тавре ки дар боло гуфтем, ин муносибатҳои дӯстонаи Аҳмад Зоҳир бо Ҷӯрабек Назриев ба табъи мақомоти амниятии шӯравӣ нафорид ва онҳо Ҷӯрабек Назриевро пеш аз мӯҳлат ба Тоҷикистон бозхонданд. Ҷӯрабек Назриев ҳарчанд медонист, ки маҳз барои дӯстиаш бо Аҳмад Зоҳир сафари хизматии ӯро дар Афғонистон қатъ кардаанд, вале боз ҳам дар Тоҷикистон аз Аҳмад Зоҳир мегуфту аз таронаҳои ӯ. Бештар аз он, боз таронаҳои ӯро месуруд. Ва дар як муддати кӯтоҳ боз бештар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё