Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

дар толори филармонияи давлатӣ (феълан дар ин ҷо студияи ТВ "Сафина" ҷойгир шудааст) концерти муштарак доир намуд. Дар ҷараёни ин концерт Тоҷиддини Муҳиддин зимни ёдоварии Аҳмад Зоҳир чандин таронаҳои ӯро бо маҳорати баланд иҷро кард. Ҳамон вақт Зоҳир Ҳувайдо ваъда дода буд, ки ин ҳама эҳсосоти гарми ҳаводорони Аҳмад Зоҳирро ба ӯ хоҳад расонд ва мусоидат хоҳад кард, ки сафари он овозхони маҳбуб ба Тоҷикистон ҳарчи тезтар сурат бигирад. Шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов баъди марги Аҳмад Зоҳир исми духтари нав ба дунё омадаи худро низ ба мисли духтари Аҳмад Зоҳир Шабнам номгузорӣ кард. Шабнам имрӯз дар пайраҳои падар ва сарояндаи дӯстдоштаи қиблагоҳаш қадам мегузорад.

Таронаҳои Аҳмад Зоҳир "Ту гули нози ҳама", "Лайлӣ, Лайлӣ Лайличон", "Ошиқи рӯят ман, бастаи мӯят ман", ва ғайра дар иҷрои овозхони хеле ҳам маҳбуби мо Тоҷиддин Муҳиддинов бисёр таъсирбахш ва бо маҳорати баланд суруда шудаанд.

"АЙ ПОДШАҲИ ХУБОН,
ДОД АЗ ҒАМИ ТАНҲОӢ"

Олим ва овозхони хеле ҳам боистеъдоди тоҷик Ҷӯрабек Назриев дар тарғибу таблиғи Аҳмад Зоҳир ва таронаҳои ӯ хизмати бузурге кардааст. Ӯ нахустин ва ягона овозхони тоҷик буд, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохт ва бо мактаби эҷодии ӯ робита дошт. Зеро дар даҳҳо концертҳои расмӣ ва маҳфилии ӯ на танҳо ҳамчун мухлиси овозаш, балки чун хонанда ё худ сароянда ширкат варзидааст. Бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Ҷӯрабек Назриев тамрину репититсияҳои Аҳмад Зоҳирро аз наздик борҳо мушоҳида

пешина
аз 338
навбатӣ