Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Ҳунарманди Халқии Ҷумҳурӣ устод Зафар Нозимов низ борҳо дар суханрониҳои худ дар мавриди Аҳмад Зоҳир аз ӯ ҳамчун аз истеъдоди худодод, ба некӣ ёдовар шудаанд.
"Мутаассифона, ба ман муяссар нашуд, ки ин овозхони нотакрори Шарқро дар зиндагиаш бубинам ва бо ӯ сӯҳбате дошта бошам", - гуфт дар мулоқот бо муаллифи ин сатрҳо устод Зафар Нозимов. Ман охирин маротиба ба Афғонистон вақте сафар карда будам, ки Аҳмад Зоҳир дигар дар қайди ҳаёт набуд. Рамзи эҳтиром ба истеъдоди ин фарзонамарди ҳунар дар аснои ин сафарам бо ҳамроҳии собиқ вазири маданияти ҷумҳуриамон, марди шариф, Меҳрубон Назаров ва шогирдам, овозхон Аҳмадҷон Муҳаммадиев мақбараи Аҳмад Зоҳирро зиёрат кардем, - идома медиҳад устод Зафар Нозимов. Дар бораи Аҳмад Зоҳир ҳаминро мегӯям, ки ӯ дар ҳунари мусиқии Афғонистон инқилоб кард ва таъсири ин инқилоб ба ҳунари мусиқии Тоҷикистон хеле калон аст, - хулоса намуд устод Зафар Нозимов.
Аз байни ҳофизони насли баъдтари тоҷик, бахусус овозхонҳои эстрадӣ, марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов алоқамандии хеле ҳам қавие дошт бо Аҳмад Зоҳир ва эҷодиёти ӯ. Агар бигӯем, ки Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз аввалинҳо буд, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд ва номи ӯро бо муҳаббат дар консертҳояш мегирифт ва аз ӯ ба некӣ ёд мекард, хато нахоҳем кард. Дар он вақтҳо на ҳама ҳофизон чунин ҷуръат доштанд, ки дар консертҳо номи Аҳмад Зоҳирро бигиранду аз ӯ ба некӣ ёд кунанд. Тирамоҳи соли 1976 буд. Овозхони машҳури афғонӣ Зоҳир Хувайдо, ки дар Тоҷикистон мисли Аҳмад Зоҳир ҳаводорони зиёде дошт, ба Душанбе омад ва ҳамроҳии Тоҷиддин Муҳиддинов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё