Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Зоҳир пешниҳод кардам, ки суруд хонад, вале ӯ рад кард.

Хоҳиш кардам, ки маро дар толор интизор шавад. Зеро мехоҳам бо ӯ сӯҳбат кунам. Розӣ шуд. Баъди анҷоми сурудхонӣ бо Аҳмад Зоҳир як сӯҳбати кӯтоҳе низ доштам. Гуфтам чаро пеши мо барвақттар наомад. Гуфт, ки пайғоми маро касе ба ӯ нарасонидааст. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки бо як сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон биёяд. Омода сохтани заминаи сафари ӯро ба ӯҳда гирифтам. Розӣ шуд. Гуфтам, ки сафари ӯро ба Бухорову Самарқанд низ ташкил мекунам.

Тифоқо дар ҳамон наздикии мо як бародаре бо номи Файзалӣ аз Орҷоникидзеободи худамон буд, ки дастгоҳи аксбардорӣ доштааст. Акси ману Аҳмад Зоҳирро ӯ дар ҳамон ҷо гирифт. Боз як акси дигар ҳам гирифт, акси якҷоя, акси дастҷамъӣ. Мутаассифона, ҳамин акси дастҷамъӣ гум шудааст. Ин боиси он шуд, ки баъзе нотавонбинҳо овоза кардаанд, ки акси ману Аҳмад Зоҳир гӯё ҷалӣ будааст. Гӯё Ҷӯрабек Муродов акси худро бо акси Аҳмад Зоҳир якҷо сунъӣ сохтааст.

Хулоса, мо ҳамагӣ 45 дақиқа барои сӯҳбат доштем. Зеро баъдан қуюди шабгардӣ шурӯъ мешуд. Аҳмад Зоҳир моро ба хонаи худ даъват кард. Гуфтем, ки фардо вомехӯрем. Фардои он рӯз мо ба Тоҷикистон баргаштем.

Бо эҳтимоли қавӣ гуфтан мумкин аст, ки устод Ҷӯрабек Муродов ягона шаҳрванди Тоҷикистон, минҷумла ҳунарманди тоҷик аст, ки бо ин нобиғаи олами мусиқӣ якҷо акс гирифтаанд. Воқеан, дар ҳамин акс возеҳ маълум аст, ки Аҳмад Зоҳир ҷавони хушқаду қомат мебошад. Қадди ӯ аз қадди устод Ҷӯрабек Муродови қоматбаланд чандон фарқе намекунад.

пешина
аз 338
навбатӣ