Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ҷавонони боистеъдод, аз қабили Қурбоналӣ Раҳмонов, Дона Баҳромов, Ҷамшед Исмоилов ва ғайра бар сабку услуби наве, ки бо зуҳури Ҷӯрабек Назриев ба ҳунари овозхонӣ ворид шуд, ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расиданд.
Кор то ба ҷое расидааст, ки имрӯз дар Афғонистон баъзе овозхонҳои шинохтаи афғонӣ ба репертуари худ таронаҳои эҷодкардаи шогирдони Ҷӯрабек Назириевро ворид мекунанд. Масалан моҳи май соли 2005 дар Кобул "Шӯҳак" ном албоми овозхони шинохтаи афғон Сиддиқи Шабоб серфурӯштарин албом ба ҳисоб мерафт. Ана дар ҳамин албом Сиддиқи Шабоб ду суруди овозхони маъруф Ҷамшед Исмоилов "Шаб, ки хондам номаҳоят" ва "Эй ҳамватанон"-ро ворид кардааст. Таронаи "Шаб, ки хондам номаҳоят", ки матнаш аз устоди шодравон Лоиқ Шералӣ мебошад, дар иҷрои Сиддиқи Шабоб чанд маротиба ҳамон шабу рӯзҳо беҳтарин таронаи ҳафта дар Афғонистон аз сӯи як радиои хусусӣ эълон шуд.
ТАНҲО ШУДАМ, ТАНҲО ШУДАМ
Овозхони дигари боистеъдоди тоҷик, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳир барои рушду нумӯ карданаш ва оқибат соҳиби мактаби эҷодӣ гардиданаш таъсири мусбат гузоштаанд, шодравон Кароматуллоҳи Қурбон мебошад. Яке аз аввалин сурудҳои Кароматуллоҳи Қурбон, ки ӯро ҳамчун овозхони умедбахш ба мухлисони созу наво муаррифӣ кард, таронаи "Эй гулӯзори ман" буд. Ин таронаро Кароматуллоҳи раҳматӣ аввали солҳои 80-ум вақте ки нахустин бор сароид, дар байни ҳаводорони санъати мусиқии тоҷик як шӯру валвалае барпо шуд. Кам мухлиси ҳақиқии таронаҳои Аҳмад Зоҳир пайдо мешуд, ки тафовутро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё