Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо намоишномаи "Рустам ва Сӯҳроб" қалби ҳунардӯстони ин кишвари ҳамсояро тасхир намуданд. Дар ҳайати ин гурӯҳ овозхонҳои шинохта Нуқра Раҳимова, Барот Яхшиев ва Карим Раҳимов низ ҳузур доштанд. Ин сафар аз гастролҳои қаблӣ бо он фарқ мекард, ки ҳунармандони тоҷик аз роҳи заминӣ ба Афғонистон рафтанд. Баъдан ба ғайр аз пойтахт боз дар Ҷалолободу Ҳироту Қандаҳор ва Қундуз ҳунарнамоӣ карданд. Таронаҳои машҳури афғонӣ "Аз ғамат эй нозанин азми сафар мекунам" ва "Зи ҳиҷронат азизи ман ҳамеша чашми тар дорам"-ро ана ҳамон вақт бори аввал овозхонҳои маҳбуб Нуқра Раҳматова ва Карим Раҳимзода барои ҳаводорони тоҷикии худ ба савғо овардаанд. Дар бораи таронаи "Аз ғамат эй нозанин азми сафар мекунам" ҳамин метавон гуфт, ки он оҳанги Ҳафизуллоҳи Хайёл аст ва онро дар ҳамон шабу рӯз Аҳмад Зоҳир низ дар консертҳояш мехонд.

Дар рушди робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Афғонистон на танҳо сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ нақши мусбат доштанд, балки сафарҳои хизматии мутахассисини ин соҳа низ таъсири муҳим мегузоштанд.

Абдулваҳҳоби Мададӣ дар китоби худ "Саргузашти мусиқии муосири Афғонистон", ки қаблан аз он ёдовар шуда будем, менависад, ки дар рушду нумӯи санъати мусиқии профессионалии Афғонистон саҳми мутахассисони шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистони шӯравӣ хеле калон аст. Чунончи ба гуфтаи ӯ оҳангсози маъруфи тоҷик Усмон Мадёров солҳои 1961-1964 дар бунёди оркестри миллии шумораи 2-и радиои давлатии Афғонистон хизмати босазое кардааст. Устод Салими Сармаст, ки яке аз эҷодкорони

пешина
аз 338
навбатӣ