Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар Кобул кор карданам аз радиои Кобул чандинбор таронаҳои якҷо бо шоири тавоно Зиё Қоризода сурудаи Нукра Раҳматоваро шунидам. Дар сӯҳбат Нукра Раҳматова гуфт, ки ин сурудҳоро замоне сабт намудаанд, ки Зиё Қоризода аз Кобул омада тариқи Душанбе озими Маскав будааст. То парвози ҳавопаймо ҳамагӣ чаҳор соат вақт будааст. Бо амри вазири ҳамонвақтаи фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров дар муддати кӯтоҳ мутрибон омода шуданд. Сабти чаҳор тарона, ки ба тарзи дуэт хонда шуданд, дар яке аз студияҳои телевизион ба вуқӯъ пайваст. Дар ин сӯҳбат Нукра Раҳматова изҳори нохушнудӣ кард, ки аз чор тарона феълан дутоаш "Рафтем аз ин боғ" ва "Биё то гул биафшонем" дар фонди радиои Тоҷикистон боқӣ мондаасту халос. Вақте ба ӯ гуфтам, ки ҳар чори ин таронаро аз Афғонистон овардам, хурсанд шуд ва хоҳиш кард, ки онҳоро ба саррежиссёри радиои Тоҷикистон Шаҳобиддин Ҳақназаров диҳам. Ман хоҳиши Нукра Раҳматоваро худи ҳамон рӯз иҷро кардам ва сурудҳои "Ало нор дона надорад" ва "Ман туро қасам метум" дар иҷрои Нукра Раҳматова ва Зиё Қоризода захираи мусиқии радиои Тоҷикистонро он рӯз пурратар сохтанд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, соли 1966 як гурӯҳи дигар ҳунармандони тоҷик бо роҳбарии марди фозил Холмурод Шарифов иборат аз устодони санъат Ғаффор Валаматзода, Ҷӯрабек Муродов, Шоиста Муллоҷонова, Зебо Аминзода, Азиза Азимова, Ойдиной Усмонова, Мӯътабар Иброҳимова, Маҳмудҷон Воҳидов, Зӯҳро Каримова, Боймуҳаммад Ниёзов ба Кобул сафар карданд. Соли 1968 бошад, театри Академикӣ-драмавии

пешина
аз 338
навбатӣ